Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе сӯхтор дар манзили воқеъ дар кӯчаи ба номи Павел Ханжин, наздикии қисми ҳарбии Русия дар Душанберо хомӯш карданд.


Тавре намояндаи расмии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Ярослав Рошупкин хабар дод, посбонони пулиси ҳарбӣ дар ошёнаи 9-уми бино сӯхторро дида, то ҳозир шудани дастаи оташнишонон, ҳудуди 100 нафар сокинони манзилро ба беруни бино, ба ҷойи бехавф баровардаанд.


Ба гуфтаи Рошупкин, дастаи оташнишонони гарнизон дар фурсати кӯтоҳтарин ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, алангаи оташро хомӯш кардааст.

«Ба туфайли амали мураттаби дастаи оташнишонон, аз таркиши баллонҳои газ дар сӯхтор пешгирӣ шуд», - гуфт намояндаи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, ҷузъу томҳояш дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мутобиқи Созишномаи моҳи октябри соли 2012 аз ҷониби сарони ҳарду кишвар баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.