Сокини 46-солаи ноҳияи Вахш ба лату кӯб ва ғорати як ҷавоне гумонбар дониста мешавад, ки барои дидорбинӣ назди духтараш омадааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Хуросон сабаби муносибати ошиқона доштанаш бо ҷавондухтари 22-солаи сокини ноҳияи Вахш, ба наздаш ба ин ноҳия рафтааст.

«Дар он ҷо падари ҷавондухтар, марди 46-сола аз муносибати онҳо воқиф шуда, бо ҳамроҳии ҳамдеҳааш, ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро дар симчӯби саҳни ҳавлиашон баста, лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ 3 ҳазору 170-сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-5”, ҷамъ ба маблағи 4 ҳазору 670-сомониашро тасарруф намудаанд», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз ва тафтишоти ин ҳодиса давом дорад.