Танҳо тӯли як шабонарӯз - 11 июн дар Тоҷикистон 2 ноболиғ зери чархи автомшина монда, ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 27-солаи сокини ноҳияи Панҷ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Панҷ, дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрони ноболиғ, писарбачаи 8-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст, ки дар натиҷа, писарбачаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Таҳти-Алиф ба самти шаҳри Роғун духтарчаи 7-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро пахш намудааст, ки дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, давоми се моҳи соли равон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 107 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.