Ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ муссар шуд, ки ду марди калонсолро аз ғарқшавӣ дар обанбори Қайроққум наҷот диҳанд.

«Зимни рондани гидросикл дар обанбор, онҳо аз уҳда идораи он набаромада, гидросикл чаппа шуд ва мардҳо зери он монданд, - хабар дод сухангӯи КҲФ Умеда Юсуфова. - Наҷотдиҳандагони Кумита саривақт инро мушоҳида ва ҷабрдидагонро ба соҳил бароварда, сипас онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд».

Тибқи маълумоти оморӣ, қайд мекунад Юсуфова, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо шахсан интизомро риоя накардан аз ҷониби онҳо, бовари беҳад зиёд ба худ, оббозӣ дар ҳолати мастиву сархушӣ аз машрубот, қобилияти шиноварӣ надоштан, оббозӣ дар ҷойҳои пешбининашуда, таваҷҷуҳ зоҳир накардани волидон ба кӯдакон аст.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти обӣ КҲФ ба сокинону меҳмонони кишвар якчанд тавсияҳо медиҳад:

- танҳо дар ҷойҳои барои оббозӣ пешбинишуда шиноварӣ кунед;

- дар ҳолати сархушӣ аз машрубот ё маводи нашъаовар ба об надароед;

- дар наздикии қайиқу гидросиклҳои ҳаракатдошта оббозӣ накунед;

- дар ҷойи номаълум ба об паридану ғута задан хатарнок аст;

- дар назди иншооти обӣ кӯдаконро беназорат нагузоред;

- ба аломатҳои огоҳкунанда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онрҳоро ҳатман риоя намоед.

 Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.