Маблағи зиёни расида аз сӯхтор дар бозорҳои ноҳияи Фархор, ки рӯзи 30 май рух дода буд, муайян шуд. Ҳаҷми умумии зарар 349 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Фархор (аз ду бозор - «Фархор» ва «Дунё» иборат аст) қариб ҳамаи дӯкону фурӯшгоҳҳоро ба коми оташ фурӯ бурд. Одамон аз сӯхтор осеб надиданд.

Дар ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ки комиссияи махсус зиёни расида аз сӯхторро 349 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст. Наҷоти 70%-и маҳсулот аз коми оташ муяссар шудааст. Дар сурати умум сӯхтор қаламрави баробар ба 1 гектарро нобуд кард. Дар бозор 300 фурӯшгоҳ фаъолият дошт, ки 230-тои онҳоро оташ ба хароба табдил дод.

Тибқи маълумоти ВКД, сӯхтор бар асари раиси ноқилҳои барқии қатори фурӯшгоҳҳои бозори «Фархор» сар задааст.