Шаби 13 июн дар Боғи Нишони Давлатӣ (паҳлӯи Кохи Миллат)-и шаҳри Душанбе дар яке аз аттраксионҳо ё худ алвонҷак (ба шакли қаиқ) садама рух дода, 11 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, баъди анҷоми бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Филиппин дар Варзишгоҳи марказӣ, як гурӯҳи ҷавонон ба боғ омада, дар ин аттраксион савор шудаанд.

«Ба ин қаиқ дар як вақт якбора 24 нафар савор мешаванд ва дар ҷараёни алвонҷхӯрӣ сохтори аттраксион ба вазни зиёд тоб наоварда, шикастааст, - гуфтанд дар ВКД. - Ҳамаи осебдидагон аз ин садама айни замон дар бемористон бистарианд».

Зимнан зикр гардид, ки дар прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба таҳқиқи ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба масъулони Боғи Нишон менависад, ин аттраксион ҳудуди 20 рӯз қабл аз Чин оварда ва насб шудааст.