Ба навиштаи рӯзномои Guardian, як мошин пиёдагардонро дар Финсбури - яке аз маҳаллаҳои шаҳри Лондон зер кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, пулиси Лондон ҳудуди соати яки шаби 19-уми июн дар Твиттер"-и худ аз вуқӯи ҳодиса дар шимоли Лондон хабар дод.

Дар ҳамин ҳол сафҳаи расмии Шӯрои мусалмонони Бритониё дар Твиттер навиштаааст, ки як мошин афроди дар ҳоли хурӯҷ аз масҷид дар ин маҳаллаи шаҳри Лондонро пахш кардааст.

Шумораи захмиҳо ва куштаҳои эҳтимолӣ то ба ҳол эълом нашудааст. Мақомот то ба ҳол нагуфтаанд, ки ин як ҳодисаи автомобилӣ буд ё қасдан мардумро пахш кардааст.