Бар асари сангфароӣ ба роҳ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе - Хоруғ қатъ шуд.

Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, сангфароӣ баъзан идома ёфта, аз ин рӯ, корҳои тозакунии роҳ бо назардошти ин ҳолат ҷараён мегиранд.

«Мо қариб 50 метри роҳро тоза карда, вале сангфароӣ аз кӯҳ идома ёфт, бинобар ин, корҳои тозакунӣ муваққатан боздошта шуда, вақте сангфароӣ пурра ба охир расад, боз корро давом медиҳем», - гуфтанд дар вазорат.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин робита иттилоъ доданд, ки намояндагони ин ниҳод дар ҷойи ҳодиса барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ машғули коранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.