Корманди милитсияи шаҳри Исфара, ки худашро парронид, дар шуъбаи эҳёгарии бемористони марказии шаҳр бистарӣ аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» маълум шуд, корманди милитсия Саъдӣ Соҳибзода ном дошта, на 30-сола, балки 24-сола буда, зодаи Ҳисор мебошад. Соли 2017 Академияи ВКД Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд хатм карда, моҳи сентябри соли 2017 ҷиҳати кор ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД Исфара-1 фиристода мешавад. Оиладор нест.

Шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии Исфара
Asia-Plus

Ҳамсабақаш, ки низ дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад, ба «Азия-Плюс» гуфт, замони таҳсил Саъдӣ донишҷӯи хеле муваффақ ва намунаи ибрати дигарон буд.

«Ӯ сардори гурӯҳи мо ё ба истилоҳи ҳарбӣ фармондеҳи взвод буд, таҳсилро бо дипломи сурх хатм кард. Чанде пеш мо ба аёдати ӯ рафтем, лекин моро нагузоштанд, ки ӯро бинем», - илова кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавриди ин масъала хомӯширо ихтиёр карда, сабабҳои ба ин амал даст задани корманди ҷавони милитсия низ алҳол маълум нест.

Хабарнигори мо дирӯз ба шаҳри Исфара рафт. Дар бемористон ба ӯ дар ин хусус ҳеҷ маълумоте надода, танҳо зикр кардаанд, ки маълумот дар бораи ин масъаларо аз Раёсати ВКД-и вилоят дастрас кардан имконпазир аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.