Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум  бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ин хабари даҳшатнок «боиси андуҳи беандозаи мо гардида, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор менамоям ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

Рӯзи 27 январ дар маркази шаҳри Кобул, ки дар ин мавзеъ биноҳои ҳукумат, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва мағозаву фурӯшгоҳҳо воқеъ мебошанд, таркиш ба амал омад.

Бино ба маълумоти ВКД Афғонистон, ҷангии ин амалро содиркарда аз автомашинаи «ёрии таъҷилии тиббӣ» истифода кардааст, то ки бо он гузаргоҳҳои назоратиро убур намуда, таркиш анҷом диҳад.

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Вайс Бармак иттилоъ додааст, ки шумори фавтидагон аз ин амали террористӣ ба 103 нафар расида, 235 нафар, аз ҷумла беш аз 30 афсари пулис ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфта мешавад, масъулияти содир кардани ин амали даҳшатнокро гурӯҳи террористии «Толибон» ба дӯш гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ВКД Афғонистон аз эҳтимол дур намедонанд, ки ба таркиш гурӯҳи «Шабакаи Ҳоқонӣ», ки бо Толибон робита зич дорад, низ шояд даст дошта бошад.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта ҷангиёни ҳаракати Толибон ба меҳмонхонаи InterContinental дар Кобул ҳамла карда, дар натиҷа беш аз 20 нафар ҳалок шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.