Кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и Томкс муҳоҷирони боздоштгоҳи муваққатии хориҷиёнро мавриди лату кӯби оммавӣ қарор доданд. Ин ҳодиса охири ҳафтаи гузашта рух дода, айни замон мавриди таҳқиқи ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтааст, менависад Muhojir.news.tj бо истинод ба портали Tomsk.ru 

Одамони ҳиҷобпӯш

Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ба иқомати доимии 30 нафар, дар ҳар ҳуҷра 4-5 нафарӣ пешбинӣ шуда, дар он шароитҳои таъмини хӯрок, ҳаммом, ёрии тиббӣ мавҷуд аст. Дар ин ҷо муҳоҷироне, ки нигаҳдорӣ мешаванд, ки истирдод ба ватанро интизоранд. Ба онҳо тарки қаламрави марказ манъ аст.

Муҳлати истирдод ба ватанро лозим меояд, ки моҳҳову солҳо интизор шавӣ, аз ин рӯ, дар ин ҷо барои зиндагии занону кӯдакон низ шароит фароҳам оварда шудааст.

Ба қавли раиси Комиссияи минтақавии назорати ҷамъиятӣ Иван Шевелев, як нафари дар ин марказ қарордошта ба онҳо занг зада, вақте онҳо омадаанд, муддати тӯлонӣ дидору гуфтугӯ бо муҳоҷиронро иҷоза надодаанд.

«Дар ниҳояти кор ба мо муяссар шуд, ки бо муҳоҷирон гуфтугӯ кунем ва маълум шуд, ки байни онҳо ва маъмурияти марказ муноқиша сар зада, онҳо ОМОН-ро даъват ва муҳоҷирон мавриди латкӯби шадиди онҳо қарор гирифтаанд, - гуфтааст Иван Шевелев. - Дар натиҷа як нафар ба бемористон мунтақил шуда, дигарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд».

Ӯ ба унвони сардори РВКД минтақа Александр Будник дар ин хусус нома фиристода, лекин алҳол ҳеҷ вокунише аз он сӯ надидааст. Дар ҳамин ҳол, ваколатдори ҳуқуқи башари вилояти Томск Елена Корташова аллакай аз марказ боздид намуда, ба таҳқиқи ҳодиса пардохтааст.

Дар дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи башар боздиди Елена Карташоваро аз марказ тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки ӯ ин ҳодисаро ҳамчун нақзи дағали ҳуқуқи инсон арзёбӣ кардааст.

Замони боздиди ӯ дар марказ 26 нафар мардон (шаҳрвнадони кишварҳои хориҷи наздик ё шахсони бидуни тасдиқи шаҳрвандӣ) ҳузур доштаанд, ки 12 нафари онҳо баъди адои муҳлати ҷазо аз муассисаи ислоҳӣ оварда шудаанд ва бо қарори суд бояд аз Русия истирдод шаванд.

«Муҳоҷирон ҳикоят карданд, ки «одамони ҳиҷобпӯш» онҳоро рӯ ба фарш хобонида, лату кӯб кардаанд. Якеро қабурғааш шикаставу дигарӣ аз шикам захм гирифта, боқимонда дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҷабрдидагон ба шуъбаи амнияти дохилии РВКД муроҷиат намуда, санҷиши дохилӣ гузаронида мешавад. Прокуратураи ноҳия низ санҷиш доир мекунад», - хабар додаанд аз дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи башар.

Эътирози «бошандагони марказ»?

Дар хадамоти матбуоти Росгвардия, ки ОМОН ба он тобеъ аст, расман иттилоъ додаанд, ки аз Раёсати ВКД дар вилояти Томск оид ба таъмини тартибот дар ин муассиса дархост гирифта, ба марказ омадаанд.

«Зимни баргузории чорабиниҳо кормандони Росгвардия аз қувваи ҷисмонӣ ва воситаҳои махсус истифода накардаанд. Нисбати кормандони ОМОН ба Раёсати Росгвардия ягон шикоят ё муроҷиат дар ин хусус ворид нашудааст», - гуфтаанд дар ин сохтор.

Дар робита ба эҳтимоли ҷой доштани эътирози оммавии бошандагони марказ, ки ба ин ҳодиса шояд сабаб шуда бошад, Иван Шевелев изҳор намудааст, ки дар суҳбат бо ӯ аз зикри ин «ҳолат» худдорӣ шуда, сабаби чунин муноқишаҳо аслан ҳолат шадиди равонии одамон мебошад, ки муддати тӯлонӣ бидуни имкони зисти озодона истирдодро мунтазир мешаванд.

Реҷаи интизорӣ

Сабабҳои муноқиша дар марказ, даъвати кормадони ОМОН ва мавриди лату кӯб қарор гирифтани муҳоҷирон то ҳол маълум нест. Дар дафтари матбуоти Раёсати ВКД Томск аз пешниҳоди ҳама гуна маълумоту шарҳ худдорӣ карда мешавад.

Лекин ҳомиёни ҳуқуқ исрор меварзанд, ки барои мунтазир шудани анҷоми ҳамаи расмиёти маъмурӣ вақт кам аст. Ба ақидаи омбудсмени Томск, тафтишро мебояд ҳарчи зудтар гузаронид, зеро ба дарозо кашидани он метавонад ба чунин ҳолат орад, ки шоҳидон боқӣ намемонанд: имкон дорад, ки ба истирдоди муҳоҷирони ҷабрдида фурсат ёфта шавад.