Кумитаи ҳолатҳои фавқуода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и Тоҷикистон изҳор медорад, ки бар асари заминларзаи рӯзи 9 май дар қаламрави ҷумҳурӣ хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.

“Танҳо дар иншооти ёрирасон ва чанде аз биноҳои хоҷагидории ноҳияи Ишкошим, ки ҳамагӣ 30 километр дуртар аз маркази заминҷунбӣ қарор дошту ин ҷо қувваи он 5,7 баллро ташкил дод, таркишҳои на он қадар калон ба вуҷуд омаданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсупова.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумита, рӯзи 9 май соати 15:41 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, маркази заминларза 275 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон воқеъ буда, қувваи заминларза дар марказ 6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.