Яке аз фарзияҳои асосии сабаби сӯхтор дар бозори «Султони Кабир»-и пойтахтро ВКД Тоҷикистон расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ номбар мекунад.

«Алҳол сари хулосае расидан барвақт аст, вале аз эҳтимол дур нест, ки расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба сӯхтор дар ин бозор сабаб шуда бошад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар макони ҳодиса барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор гурӯҳи фаврии тафтишотӣ машғули кор буда, ғайр аз ин, фарзияҳои истифодаи беэҳтиёт аз оташ ё барқасдона оташ задан низ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6 - ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд.

Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва зарари он аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ ташкил шуда, гурӯҳи мазкур вазифадор гардид, ки сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари ба амаломадаро пурра муайян намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.