Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи монишгарди Душанбе – Чанок, ки санаи 3 сентябр рух дод, ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “DAF” Қурбоналӣ Қурбонови 36-сола (сокини шаҳри Леваканд), ки дар бордони автомашинаи мазкур 28747-литр сӯзишвории “бензин” ва 6253-литр сӯзишвории “дизелӣ” мавҷуд буд, ҳангоми ҳаракат  дар ҳудуди мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷӯйбори калони рости роҳ чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа сӯзишвориҳо ба замин рехта, аз шарораи ҳангоми садама пайдошуда сӯхтор ба амал омадааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ронанда ва мусофираш Қосим Қурбонови 26-сола (сокини шаҳри Леваканд) ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20 июл дар километри 66-уми ҳамин шоҳроҳ автомашинаи боркаш ба ҷарӣ сарозер рафта, оташ гирифт, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва боз як каси дигар ҷароҳат бардошт.

Ҳамчунин рӯзи 13 июл дар ин шоҳроҳ автомашинае, ки гази моеъ мекашонид, ба бинои паҳлӯи роҳ бархӯрда, ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.