Шаби рӯзи 12-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Матлуба Наҷмиддиноваи 40-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳирҷон Тоҳирови 59-сола, сокини ноҳияи Аштро пахш намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, як рӯз пештар ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Бузургмеҳр Мирзоҳомидови 34-сола, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Айнӣ”, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи “Варзоб” чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Мирзоҳомидов Б.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, нимсолаи аввали соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ наздики 700 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух дода, бар асари онҳо беш аз 200 нафар ҳалок ва 534 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.