Зафар Сафаров, подполковники милиса ва муовини раиси Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус, худкушӣ кардааст. Ҷасади Сафаровро субҳи 28-уми сентябр дар шохи дарахти чормағзи хонааш дар ҷамоати ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш овезон пайдо намудаанд.

Дар идораи ташхиси додгоҳии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Зафар Сафаров худовезӣ кардааст, аммо то ба ҳол сабабҳои худкушии подполковник маълум нест. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад ва ба зудӣ сабабҳои худкуширо дақиқ мекунанд.

Гуфта мешавад, Зафар Сафаров соҳиби ҳафт фарзанд буда, даҳ сол боз дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият доштааст. Ҳамсояҳояш гуфтаанд, ки ӯ сари чанд вақт ба хонааш дар ноҳияи Вахш меомад.

Умед Сафаров, бародари Зафар Сафаров гуфтааст, чунин рафтори бародараш онҳоро дар ҳолати "шок" қарор дода, то ба ҳол ба ин суол, ки чаро худкушӣ кард, ҷавоб наёфтаанд.

Муҳибулло Ҷӯрақулов, ҳамкори Зафар Сафаров низ дар ин робита изҳор намудааст, ки дар ӯ афсурдагиро надида буданд ва аз чизе ҳам шикоят надошт.