Наздики соати яки имрӯз дар яке аз фурӯшгоҳҳои корхонаи дӯзандагии “Дунёи нав” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт таркиш ба амал омад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати оташнишонии ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, таркиш дар маҳаллаи 63-юми пойтахт дар яке аз мағозаҳои фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо рух додааст.

“Бино ба маълумоти пешакӣ, дар ин мағоза баллони газ таркидаааст. Кормандони милитсия ва хадамоти оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса машғули коранд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти милитсия.

Ба гуфтаи манбаъ, шумори осебдидагон алҳол маълум набуда, аммо се нафар бо захмҳои сӯхта дар бемористони “Истиқлол” бистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки сабаби дақиқ, шумори осебдидагон ва ҳаҷми зиёни расида аз ин ҳодиса муайян карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.