Дар шаҳри Душанбе яке аз мураббиёни шоистаи гӯштӣ дар Тоҷикистонро дафн карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи ду ҷавони ғоратгар ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, маросими видоъ бо Иван Полякови 82-сола рӯзи ҷумъа 14-уми декабр дар калисои насрониҳо дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Шаҳобиддин Мансуров, яке аз шогирдони Иван Поляков ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки рӯзи 8-уми декабр ду ҷавон шабона бо ҳадафи дуздӣ ба хонаи Иван Поляков воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид шуда, ба ӯ ҳамла карданд.

“Дару тирезаи хонаи ӯро шикаста даромадаанд, ва аввал бо табуретка як бор дар сараш задаанд, ду се мушти дигар ба рӯяш задаанд, беҳуш шудааст. Баъд 2800 сомонӣ як бухорӣ ва телефонро дуздида рафтаанд” – иброз доштааст ӯ.

Дар робита ба ин ҳодиса пулис ду нафарро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, аз ҳамсояҳои Поляков ҳастанд. Табибон гуфтаанд, ки муррабии собиқадор дар натиҷаи зарбаи сахте, ки ба сараш задаанд, хунрезии мағзӣ шудааст.

Иван Поляков, бештар аз ним аср дар Тоҷикистон ба варзишгарони тоҷик гуштии юнониву румӣ дарс медод ва барои хидматаш соҳиби ҷоизаву ифтихорномаҳои зиёд шудааст.

Ӯ се дафъа қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гуштии юнониву румӣ ва як дафъа қаҳрамон оид ба гӯштии тарзи озод шуд. Унвони устоди варзиши шӯравии собиқро дошт.

Дар як мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуда буд, ки: “Ҳар шогирди ман ва варзишгари моҳир ва заҳматкаш, ки қаҳрамон нашудааст, барои ман як мусибат аст. Ман медонам, ки қаҳрамонӣ на ба ҳам муяссар мешавад, аммо дидани ҳар нокомии онҳо барои ман дарднок аст.”