Дар километри 123-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ автомашинаи боркаш бо газ рӯзи 10 январ ба ҷарии 100-метра сарозер рафта, дар натиҷа ронанда ҳалок шуд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба наҷотдиҳандагон, ки каме дуртар аз ҷойи ҳодиса посгоҳи доимо амалкунандаи назоратӣ доранд, муяссар шудааст, ки таркиши автомашинаро пешгирӣ намоянд. Ин автомашина аз Суғд ба Душанбе гази моеъ мебурд.

1/3

Ронандаи воситаи нақлиёт, сокини ноҳияи Муъминобод Муҳиддин Шарипов ҳалок шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, сари чанбараки мошин хоби ӯ бурдааст.

“Бо вуҷуди боришоти барфу борон дар саросари кишвар, субҳи имрӯз тамоми роҳҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати нақлиёт боз аст”, - илова намуд Юсуфӣ.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.