Рӯзи 14-уми май, қарибиҳои аср дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ ва Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боронҳои пуршиддат ва давомдор сел омада, ба як қатор хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст. Бар асари омадани сели азим як сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Пахтаобод ба ҳалокат расидааст.  

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, ба ҷойи ҳодиса фавран 15 нафар кормандони раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо роҳбарии сардори раёсат сафарбар гардида, ба аҳолӣ ёрии худро расонидаанд.

Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дошта, миқдор ва маблағи зарар муайян карда мешавад.

Инчунин борони шадид боиси омадани сел ва боло рафтани сатҳи об дар дарёи Кофарниҳон шудааст. Дар натиҷа масофаи 500 метр кӯчаи Ғалаба, воқеъ дар соҳили чапи дарё шуставу 150-200 метр роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, 3 манзили истиқоматӣ, ки дар наздикии соҳил бунёд гардида буданд, хароб шуданд. Ҳоло ба манзилҳои се сокини дигари минтақа низ харобшавӣ таҳдид мекунад. 

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ваҳдат ба рафъи пайомади офати табиӣ оғоз кардааст. Сари вақт сокинони манзилҳои харобшуда ба ҷойи амн, яъне ба хонаҳои хешу таборашон кӯчонида шуданд.

Ҳамчунин борони пуршиддат сабабгори он шуд, ки сатҳи оби рӯди Элок дар ноҳияи Файзобод боло рафта, сел ба деҳаи Кабкрез дар соҳили чапи дарё харобиҳо овард. Пули мошингузари маҳаллие, ки деҳоти Кабкрез ва Навбаҳорро бо ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев мепайвандад, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ҳоло равуои нақлиёт ва одамон дар ин мавзеъ қатъ шуда, ҳаракат тавассути маркази ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев бо пули мошингузари деҳаи Ҷонварсӯз роҳандозӣ шудааст.

Ҳамзамон аз болои деҳаи Сурхдараи ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев селпарто мегузарад, ки дар натиҷаи боронҳои зиёд ва омадани сел аз кӯҳпораҳо, селпартои мазкур аз сангу шағал пур шудаааст. Дар натиҷа ба 3 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон сангу шағал ворид кардаву зарар расондааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Файзобод машғули бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ мебошад.  

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, ҳавои ноустувор дар саросари Тоҷикистон то рӯзи 19-уми май боқӣ мемонад. Дар натиҷаи гарм шудани ҳаво ва бориши боронҳои пайваста барфи кӯҳҳо об мешаванд. Ин метавонад боиси ковокии хок гардад ва сабабгори рониши замин низ дар баъзе минтақаҳо шавад. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо метавонад сабабгори он гардад, ки заминҳои наздисоҳилӣ зери об монанд.

Боришҳои пайваставу шадид метавонанд хатари лағзиши тарма, сел ва резиши сангро афзун кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд, корҳои саҳроро мутаваққиф кунанд, чорворо дар хона нигоҳ доранд, ба шикоргоҳ нараванд.

Дар ҳолати фавқулода ва ё рӯйдоди нохуш метавонанд ба телефонҳои зерини Қисми навбатдории КҲФ хабар диҳанд:  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.