Субҳи имрӯз дар мағозаи қисмҳои этиётии автомашина дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сӯхтор сар зад.

Муаллифони навори видео, ки дар Facebook нашр шуд, зикр мекунанд, ки сӯхтор аввал аз як мағоза шурӯъ шуда, баъд ба  дигар мағозаҳо паҳн шудааст. Дар навор дида мешавад, ки алангаи оташ хеле зиёд аст.

Дар кадрҳо дар ҷойи ҳодиса қарор доштани дастаи оташнишонон дида намешавад. 

Сабабҳои сар задани сӯхтору ҷузъиёти дигари он ҳам ҳоло маълум нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.