Роҳсозони Кустанай (Қазоқистон) 18 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки миёнашон 5 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доштанд, ба нуқтаи гармшавӣ интиқол доданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ”.

Микроавтобуси мусофирбар бо шоҳроҳи А22 “Қарабутак-Кустанай” аз вилояти Актюбинск ба самти шаҳри Тюмен раҳсипор буд.

“Ҳангоми ба постгоҳ расидан, мусофирон огоҳ мешаванд, ки дар робита ба поинравии ҳарорати ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо сӯзишвории дизелӣ (солярка) тариқи ин роҳ манъ шудааст. Барои роҳ надодан ба яхкунии сӯзишвории дизелии микроавтобус ва таъмини бехатарии одамон роҳсозон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нуқтаи гармшавӣ интиқол додаанд ва то мусоид шудани обуҳаво онҳо он ҷо қарор доштанд”, - менависад хабаргузорӣ.

Сурат: хабаргузории "Казинформ"

Пас аз мусоид шудани обуҳаво микроавтобюус ба роҳаш давом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои кумаки саривақтӣ ба роҳсозони қазоқ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар шоҳроҳи Остона - Петропавловск воқеъ дар қаламрави вилояти Акмола бар асари сармо автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон дармондааст.

Имдодгарон  бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва хадамоти пулис 49 нафар, аз ҷумла 6 нафар кӯдаконро ба макони бехавф бурданд. Дар масҷиди марказии шаҳри Шучинск онҳо бо ҷойи гарм ва хӯрок таъмин шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.