Суди шаҳри Маскав қонунӣ будани ҳабси гумонбар ба амали террористӣ дар метрои Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқовро месанҷад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Суди яке аз ноҳияҳои шаҳри Маскав Ортиқовро то 3 июн ҳамчун яке аз гумонбарон ба амали террористӣ дар Петербург то 3 июн ба ҳабс гирифта, ӯ дар Маскав дарҳол баъди амали террористӣ ҳамроҳ бо Шоиста Каримова боздошт шуда буд.

Баъдан аз рӯи далели таркиш дар метро боз 6 нафар - Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов ва Муҳамадюсуф Мирзоолимов низ боздошт шуданд.

Ортиқови аз рӯи ин парванда боздоштшуда дар суд айбномаҳои нисбаташ пешниҳодшударо эътироф накард. Сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯро тасдиқ кард.

Баъдтар Хадамоти федералии амният дар бораи боздошти яке аз созмондиҳандагони эҳтимолии амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург - Аброр Азимов дар вилояти Маскав хабар дод. Ӯ ба омода кардани иҷрокунандаи бевоситаи амали террористӣ Акбарҷон Ҷалилов гумонбар дониста мешавад.

Баъди чанде Хадамоти мазкур дар бораи боздошти бародари калонии Азимов - Акрам хабар дод. Ӯ ба гумони кумак ҷиҳати интиқоли пулҳои истифодашуда барои омодасозии амали терористӣ ва ташкили робита бо террористони байнулмилалӣ боздошт шудааст.

Нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 16 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.