Тағйироти кадрӣ дар мақомоти раҳбарии Агентии назорати мавди нашъаовар дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии мазкур иттилоъ дод, полковник Ҳотам Маҷидзода, ки пеш дар низоми ВКД Тоҷикистон кор мекард, ба вазифаи сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ таъин шудааст. Дар ин мансаб ӯ генерал майор Тӯрабек Назаровро иваз кардааст.

Полковник Сабзалӣ Тағойзода, ки ӯ низ қаблан дар низмои ВКД Тоҷикистон фаъолият дошт, сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон таъин шудааст.

Полковник Зафар Сайфуллозода, ки қаблан дар мансаби сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ифои вазифа мекард, сардори Раёсати фаврии зудамали Агентӣ таъин шудааст.

Собиқ сардори яке аз Раёсатҳои АНМН полковник Мирзоравшан Сангинзода ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд таъин шуда, дар ин мансаб ӯ полковник Музаффар Ҳотамиро иваз кардааст.