Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба омӯзишу таҳлили тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи милитсия» оғоз намуд, ки мутобиқи он шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар, хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ аз ҳуқуқи кор дар мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ маҳрум мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон итттилоъ дод, тағйироту иловаҳои мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардида, ба ҳимояи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2014 ба афроди дорои шаҳрвандии ду кишвар, хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ фаъолияти расмӣ дар сохторҳои дипломатӣ, мақомоти амнияи миллӣ ва сохторҳои давлатии Тоҷикистон манъ шуд.

Моҳи апрели соли равон палатаи поёнии парлумон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул намуд, ки дар онҳо нисбати мансабдорони давлатӣ барои пинҳон доштани маълумот дар бораи доштани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима пешбинӣ шудааст.

Минбаъд барои риоя нашудани талаботи мазкури Кодекс дар ҳаҷми аз 20 то 30 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда - 50 сомонӣ), яъне аз 1 то 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.