Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва кӯшиши ба муомилот баровардани 24 адад пулҳои қалбакии арзишашон 100 сомонӣ ду нафар ҷавонони 21-солаи сокини пойтахт боздошт шуданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин маълумот менависад, боздоштшудагон барои ба муомилот баровардани пулҳои қалбакие, ки бо истифода аз коғази махсус ва принтерҳо тайёр шудааст, талош ба харҷ додаанд.

Гуфта мешавад,  дар баробари 24 адад пулҳои қалбакии 100-сомонигӣ, аз боздоштшудагон 3 принтер ва 170 метр коғази махсус дарёфт в мусодира шудааст.

Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 281-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбаки (сохта))  парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда муҳлати ҷазо аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.