Кормандони милитсияи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 2 сокини вилоятро ба гумони даст задан ба қатли падаронашон боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 25-солаи сокини ноҳияи Ашт шаби рӯзи 12 сентябр дар ҳолати мастӣ ба ҳавлии истиқоматиашон омада, бо падараш, марди 47-сола, ҷангу ҷанҷол мекунад.

«Сипас бо истифода аз бели хоҷагидорӣ якчанд маротиба ба сар ва узвҳои бадани падар задааст, ки дар натиҷа падараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ марди 40-сола нимаи рӯзи 13-уми сентябр ба ҳавлии истиқоматии падараш, марди 65-сола омада, муноқишаву ҷангу ҷанҷол мекунад ва бо корди дасташ 5 маротиба ба узвҳои бадани падараш мезанад, ки бар асари он ҷабрдида аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки гумонбаршудагонро кормандони милитсия дастгир карда, айни замон онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.