Суди Мешански Маскав ба ҳабси Байдулло Налтаев - ташкилкунандаи сафари муҳоҷирон бо автобусро, ки дар назди шаҳри Владимир қатора ба он бархӯрда, боиси ҳалокати 17 нафар шуд, иҷоза дод.

Бино ба маълумоти хабаргузории Фергана, нисбати Байдулло Налтаев чораи дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доштан амалӣ шудааст. Шаҳрванди кадом кишвар будани ӯ зикр намешавад.

РИА «Новости»

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, айбдоршаванда ба ташкили сафарҳо бо автобус, дарёфти мусофирони муҳоҷир ва ҷамъоварии пул барои сафар аз онҳо машғул буда, аз ҳар кас 5 ҳазор рубл мегирифтааст.

Хабаргузории РАПСИ итттилоъ медиҳад, ки рӯзи 9 октябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз дигар иштирокчии ин парванда - ронандаи автобус Нургали Сарманов, шаҳрванди Қазоқистонро низ боздошт кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.