Ду афсари милитсия, кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод ба гумони порагирӣ боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, ба ин гумон сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода майори милитсия Қамариддин Орифзода ва нозири минтақавии маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода капитани милитсия Акбар Ҷонбобоев дастгир шудаанд, ки аз шаҳрванд «А» ба ивази аз масъулият озод кардани бародараш 8 ҳазор сомонӣ пора талаб кардаанд.

«Баъди гирифтани 4 ҳазор сомонӣ аз маблағи талабнамудаашон, бародари шаҳрванд “А”-ро аз тавқифгоҳи муваққатии нигаҳдории шуъба озод карда, боз овардани маблағи 2 ҳазор сомонии дигарро талаб намуданд», - омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад,  кормандони Агентӣ Орифзодаро дарҳол баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 2 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Қамариддин Орифзода ва Акбар Ҷонбобоев бо моддаи 319 қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.