Қотили Дмитрий Каримов, пешхизмати яке аз тарабхонаҳои шаҳри Турсунзода, дастгир ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад ВКД ҷумҳурӣ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳанд, ки гумонбар ба куштори Дмитрий ба гуноҳаш иқрор шуда, дар ин хусус баёнот додааст.

Ба иттилои манбаъ, қотил шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Ёдгорови 33-сола буда, бо ҷабрдида дӯст ва шоми 6 ноябр гӯё бо мақсади гуфтугӯ доир ба иҷораи хона, вале дар асл барои ғорат ба хонаи иҷораи ӯ меояд.

«Тавре худи Ёдгоров иқрор шуд, вақти гуфтугӯ бо Дмитрий замони ба пахлӯи дигар гаштани ӯ бо корд нахуст ба қисмати чап ва сипас ба қисми рости бадани ӯ зарба зада, ҳангоме ки Дмитрйи аз зарбаҳои ногаҳонӣ хам мешавад, ба гарданаш зарба мезанад. Ӯ иқрор шуд, ки 5 маротиба бо корд зарба задааст», - иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки баъди анҷоми куштор Ёдгоров телефони мобилӣ ва дастпонаи тиллои кушташударо гирифта, хонаро тарк мекунад. Ҷабрдида ҳатто ба доду фарёд задан ҳам фурсат наёфта буд, аз ин рӯ, ӯ ноаён аз хона меравад.

Айни замон дар прокуратураи шаҳри Турсунзода нисбати гумонбаршуда мувофиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Ёдгоров дар боздоштгоҳи пешакӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Дмитрий 42-сола буда, муддати зиёд дар яке аз чойхона-тарабхонаҳои шаҳри Турсунзода ба сифати ёвари ошпаз кор мекард. Ӯ танҳо зиндагӣ карда барои харидани хона дар Душанбе ва кӯчидан ба пойтахт пул ҷамъ мекард.