«Писарам худро гунаҳкор намешуморад», - изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Ҳабибулло Мирсаидов, падари роҳбари КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов.

«Зимни дидорбиниҳо  дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд ӯ мудом мегӯяд, ки меъёрҳои қонунгузории кишварро вайрон накардааст», - қайд кард Ҳабибулло Мирсаидов.

Ба гуфтаи падари рӯзноманигор, субҳи имрӯз низ ӯ бо писараш дидорбинӣ кардааст.

«Ӯ зикр мекунад, ки қонуншиканӣ накардааст ва худро гунаҳкор эътироф намекунад. Хайрулло қотеъона ба ҳамаи бандҳои айбномаи ба ӯ пешниҳодкарда розӣ нест», - гуфт ӯ.

Падари Хайрулло Мирсаидов ҳамчунин изҳор намуд, ки писараш аз шароитҳои нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ шикоят надорад.

Зимнан таъкид шуд, ки Хайрулло дақиқан санҷидани ҳамаи ба истилоҳ «ҳуҷҷатҳо»-и муқобили ӯ ҷамъшударо талаб дорад.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.