Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати шаҳрванди Эрон Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ ба иттиҳоми ғайриқонунӣ азхудкунии қитъаи замин ва худсарона роҳандозии сохтмон дар ин қитъа ҳукм содир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи июли соли 2017 шаҳрванди Тоҷикистон Шарофат Қадриддинова ва шавҳари ӯ, шаҳрванди Эрон Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ майдони 0,06 га қитъаи замини маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансурро ғайриқонунӣ ишғол намуда, дар масоҳати 40,0 метри мураббаъ бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ худсарона ба сохмони манзили истиқоматӣ шурӯъ намуда, онро қисман ба анҷом расонидаанд.

Зикр мегардад, ки сипас Қадриддинова Ш.Қ,. бо мақсади тасарруф намудани молу мулки ғайр ба боварии шаҳрванд Назиров У.Н. даромада, ба номбурда 0,03 га қитъаи замини номбурдаро бо манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом нишон дода, бовар кунонидааст, ки ин қитъаи замин ба ӯ таалуқ дошта, барои сохтмонӣ манзили истиқоматӣ ҷудо карда шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда бо роҳи фиреб ба боварии Назиров У.Н. даромада, аз ӯ маблағи 11.000 доллари ИМА талаб намуда, санаи 6 июли соли 2017 дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми аз охирин гирифтани маблағи 6.000  доллари ИМА аз ҷониби кормандони ҳифзи  ҳуқуқ дастгир гардидааст.

Бо ҳукми суд Ш.Қадриддинова супурдани ҷарима ба андозаи 1660 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 83 ҳазор сомонӣ ва шавҳараш - Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.