Суди гарнизони ҳарбии Хуҷанд рӯзи 3 апрел ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ оғоз намуд. Онҳо сӯи моҳигирон тир кушода, дар натиҷа ду нафари онҳо ҳалок шуда буданд.

То ҳол дар бораи сарҳадбонони дар курсии айбдорӣ нишаста ҳеҷ маълуомте дастрас набуд. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шуд, ки онҳо хизматчиёни ҳарбии қисми 0215-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мебошанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони моҳигири ҳалокшуда хабар дод.

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон чун пешина дар мавриди ин масъала хомӯширо ихтиёр карда, аз шарҳу тавзеҳ худдорӣ меварзанд.

Ёдрас мекунем, ки сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январи соли равон фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Яке аз онҳо - Абӯбакр Бобоев баъди ҳодиса дигар ба ҳуш наомада ҳалок ва дуюмӣ - Қодирхон Усмонхоҷаев баъдтар фавтид.

Сарҳадбонон мегӯянд, онҳо мувофиқи низомнома амал кардаанд: аввал барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ карда, сипас маҷбур аз қафои автомашинаи моҳигирон, ки бо он рафтанӣ буданд.

Моҳигирон бошанд, бар ин назаранд, ки онҳо дар ҷойи барои моҳидорӣ муқарраршуда моҳигирӣ мекарданд ва сарҳадбонон  ҳуқуқ надоштанд, ки ба онҳо даъво пеш оранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.