Писари сокини 44-солаи шаҳри Исфара Қодирхон Усмонхоҷаев, ки аввали моҳи январ аз тири сарҳадбонон ҳалок шуд, ба тарки таҳсил дар яке аз мактабҳои олии муътабари Тоҷикистон маҷбур шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони марҳум.

Ба гуфтаи ӯ, писари марҳум Аҳадхон дар курси якуми факултаи «сохтмон ва меъморӣ»-и Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон таҳсил мекард.

«Бинобар сабаби марги падар ӯ маҷбур шуд, ки аз таҳсил даст кашида, аз пойтахт ба Исфара бозгардад, - мегӯянд хешовандон. - Аҳли оила дигар зисту таҳсилу ӯро дар пойтахт таъмин карда наметавонанд. Шаҳрдории Исфара баъди марги Усмонхоҷаев ваъда дода буд, ки ба таҳсили кӯдаконаш кумак мекунад, вале ҳеҷ амали мушаххасе сурат нагирифт».

Писари дуюми Усмонхоҷаев, ки дар литсейи №2-и шаҳри Исфара таҳсил мекард низ аз таҳсил даст кашида, ба хона баргаштааст ва акнун дар мактаби таҳсилоти умумӣ мехонад.

Мутриба Охунова, ҳамсари марди ҳалокшуда қаблан ба ВАО изҳор дошта буд, ки намоянагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдории Исфара боре ҳам аз ҳолу аҳволи оила ва кӯдакони ӯ хабар нагирифтаанд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ӯ қайд кард, ки ба адолати судӣ дар тафтиши парвандаи шавҳари марҳумаш бовар надорад. «Сарбозони судшаванда дар мурофиа бисёр вақт нишондодҳои худро тағйир медиҳанд, аввал гуфта буданд, ки бидуни огоҳӣ ва фармон тир кушодаанд, баъдан аз ин гуфтаашон даст кашиданд», - изҳор дошт М.Охунова.

Суди гарнизони ҳарбии Хуҷанд рӯзи 3 апрел ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ оғоз намуд. Онҳо сӯи моҳигирон тир кушода, дар натиҷа ду нафари онҳо ҳалок шуда буданд.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шуд, ки сарбозони тиркушода хизматчиёни ҳарбии қисми 0215-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мебошанд.

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон чун пешина дар мавриди ин масъала хомӯширо ихтиёр карда, аз шарҳу тавзеҳ худдорӣ меварзанд.