Суди ноҳияи Синои пойтахт ронандаи бадахлоқу бадрафторро барои беҳурматӣ нисбати зан ба маблағи 350 сомонӣ ҷарима кард.

Бино ба маълумоти РВКД Душанбе, бо назардошти маъюби гурӯҳ дуюм будани ронанда, суд нисбати ӯ ҷазои сабуктарро сазовор дониста, ба корҳои маҷбурӣ ҷалб нашуд.

Гуфта мешавад, як нафар зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки нисбати ҷавонписари ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ дар хатсайри №8 машғул буданаш нисбати муроҷиаткунанда беҳурматӣ зоҳир намуда, дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбаташ ҳаракат ва суханҳои ғайриахлоқӣ гуфтааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия”, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе Шералӣ Камолов, ки ба мусофиркашонӣ дар хатсайри №8 машғул аст, боздошт ва ба шуъбаи милитсия оварда мешавад. Ӯ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз зан узр пурсидааст.

Бо назардошти маъюбии ронанда, суд ӯро 350 сомонӣ ҷарима кард, зеро барои чунин рафтор маъмулан беодобонро бо корҳои маҷбурӣ – кӯчарӯбиву фаршшӯӣ ҷазо медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.