Файзулло Гадоев, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон, ки бо ҳалномаи Суди олии ҷумҳурӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, аввали тобистони соли равон бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дар Ӯзбекистон боздошт шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Муддати чандин сол Файзулло Гадоев таҳти назорату коркард ва пайгирии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор доштааст. Ӯ дар интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон даст доштааст.

“Зимни боздошт аз ӯ ба ҷуз миқдори зиёди маводи нашъаовар, ҳамчунин маблағи зиёди пулӣ низ ошкор ва мусодира шудааст”, - хабар дод манбаъ.

Пас аз боздошт хадамоти махсуси Ӯзбекистон Файзулло Гадоевро ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон месупоранд. Маҳкумшуда зодаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсоя аст.

Ёдрас мекунем, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон чанде қабл собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон Файзулло Гадоевро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 28 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.