Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон Файзулло Гадоев ғоибона ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, собиқ мубориз бо қочоқи маводи мухаддир аз ҷонби Суди олии Тоҷикистон маҳкум шуда, лекин айни ҳол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Сухангӯи ВКД маълумоти қаблан интишоршударо дар бораи тобистони ҳамин сол дар Узбекистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шудани Гадоев ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супоридани ӯро рад кард.

“Беш аз як сол пеш Файзулло Гадоев мавриди пайгард эълон шуда, то ҳол ҷустуҷӯ карда мешавад”, - илова намуд Умарҷони Эмомалӣ.

Дар сомонаи расмии ВКД ҶТ рӯзи шанбе доир ба нисбати Файзулло Гадоеви 59-сола содир шудани ҷазои 28 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маълумот нашр шуд.

Ӯ санаи 15 октябр мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд. Лекин дар маълумот зикр нагардида буд, ки ҳукм ғоибона содир шудааст.

Баъдан як манбаи “Азия-Плюс” дар сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки Гадоев аввали тобистони соли ҷорӣ бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дар Ӯзбекистон боздошт ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супарда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.