Кормандони мақомоти пулис шахсияти ронандаеро, ки дар кишвари Краснодар бо гуноҳи ӯ субҳи рӯзи 6 декабр садамаи нақлиёт рух дода, ба ҳалокати 5 шаҳрванди Тоҷикистон боис гардид, муайян карданд.

“Дар ҷойи ҳодиса 6 нафар аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуданд, ду нафар аз онҳо кӯдакон мебошанд, ронанда ҳам фавтид. Мусофирон – ду зани соли таваллудашон 1985 ва 1950, марди 22-сола ва ду нафар кӯдакони 5 ва 8-сола низ ҳалок шуданд. Ягона нафари зиндамонда писарчаи 11-сола мебошад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар кишвари Краснодар.

Агентии иттилоотии KrasnodarMedia бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД ФР дар кишвари Краснодар хабар медиҳад, ки 3 нафар кормандони автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва 1 мусофири ВАЗ-2114 дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Шахсияти ронандаи автомашинаи сабукрав аллакай муайян карда шудааст. Ӯ сокини 18-солаи маҳаллӣ мебошад. Ин ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ надоштааст.

Тибқи маълумоти пешакии мақомоти пулис, ронандаи ВАЗ-2114 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ мебарояд ва ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бармехӯрад.

Мақомоти пулиси Русия алҳол шахсияти танҳо ду мусофирро муайян кардааст. Инҳо зани 22-солаи сокини маҳаллӣ, ки дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд ва навраси 11-сола, ки дар бемористон бистарӣ аст. Шахсияти ҳалокшудагони дигар мавриди муайяншавӣ қарор дорад.

Айни замон дар ҷойи ҳодиса муфаттишон машғули коранд. Ҳамаи ҷузъиёти садамаи нақлиёт таҳқиқ мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки шояд сари чанбараки автомашинаи ВАЗ-2114 хоби ронанда бурда бошад.

Дар ҳамин ҳол, як сокини Тоҷикистон дар панҷ нафар ҳалокшудагон хешу ақрабои худро шинохт. Муҳиддин Вашгирдӣ, сокини ноҳияи Файзободи Тоҷикистон, дар саҳифаааш дар Фейсбук акси зани фавтидаро гузошта, ӯро аммаи худ номбар мекунад.

Тавре ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод, дар ин садама аммаи 68-солааш Садбарг Шарипова ва се нафар набераҳои 8, 10 ва 18-солааш ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин хеши дигараш зани 22-сола низ фавтидааст. Муҳиддин гуфт, ҷасадҳои фавтидагонро имрӯз ба Тоҷикистон мефиристанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.