Дар ноҳияҳои Деваштич ва Ваҳдат ду мансабдор – яке ба гумони гирифтани пора ва дигарӣ барои даст задан ба қаллобӣ боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, раиси ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич Комил Отабойзода ба ду шаҳрванд барои сохтмонӣ манзил қитъаи замин ваъда карда, аз онҳо 10 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

“Моҳи август Отабойзода аз онҳо 7 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, ҳангоми гирифтани боқимонда 3 ҳазор сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод боздошт шуд”, - омадааст дар сомонаи Агентӣ.

Нисбати Отабойзода мутобиқи моддаи 319 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон (Гирифтани пора) парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, пас аз тафтишоти пешакӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Ваҳдат ба гумони даст доштан дар қаллобӣ мутахассиси КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Ваҳдат» Умаралӣ Нигматов боздошт шудааст.

“Ӯ аз як шаҳрванд ҷиҳати мусоидат ба ҷудо кардани 0,6 гектар қитъаи замин барои сохтмони истироҳатгоҳ 20 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст”, - қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ. – Дар ҳамин ҳол, ӯ ваъда додааст, ки корро тарзе ба анҷом мерасонад, ки қарор дар бораи ҷудо кардани қитъаи заминро раиси шаҳр ба имзо мерасонад”.

Зимнан зикр мегардад, ки Нигматов ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ боздошт ва нисбати ӯ мутобиқи моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.