Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) то ҳол доир ба дароз шудани муҳлати ваколаташ дар Тоҷикистон дар соли 2017 иҷозатнома нагирифтааст.

Аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки кишварҳои иштирокчӣ то ҳанӯз бобати тамдиди муҳлати ваколати як қатор дафтарҳои САҲА дар кишварҳо ба созиш нарасидаанд.

«Бо мақсади ҳарчи зудтар ноил гардидан ба созиш Раёсат гуфтушунидҳоро идома медиҳад», - қайд мешавад дар посухи расмии Дафтари САҲА.

Аммо, зикр карданд дар намояндагӣ, то ба созиш расидан дар бораи тамдиди муҳлати ваколат аз ҷониби кишварҳои иштирокчӣ, дафтарҳои САҲА дар кишварҳо кушода буда, ба фаъолияти маъмурӣ, ки ба ваколатҳо вобаста нест, идома бахшида мешавад.

Қобили зикр аст, ки САҲА ҳамасола то фарорасии соли нави ҳисоботӣ барои фаъолият дар дохили Тоҷикистон иҷозатнома дошт.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи қарорҳо оид ба тамдиди муҳлати ваколати дафтарҳои САҲА дар кишварҳои иштирокчии Созмон якдилона дар Шӯрои доимии САҲА қабул карда мешаванд.

«Айни замон дар доираи Шӯрои доимии САҲА кишварҳои иштирокчӣ масъалаи дароз кардани дафтарҳои САҲА натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои иштирокчии Созмон, бо шумули кишварҳои Осиёи Марказиро низ баррасӣ мекунанд. Масъалаи тамдиди муҳлати ваколати САҲА дар Тоҷикистон бо раёсати амалкунандаи САҲА мувофиқа шудаст. Ҳамзамон барои қабули қарор доир ба ин масъала розигии натанҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи 57 кишвари иштирокчии САҲА зарур аст», - хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Тоҷикистон чандин маротиба аз фаъолияти САҲА норозигӣ изҳор карда буд. Моҳи сентябр бинобар сабаби дар машварати САҲА оид ба чеанаки инсонӣ дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк карда буд. Баъди ин Тоҷикистон ҳамкориҳои худ бо ин Созмонро маҳдуд кард.

Ҳамчунин нимаи аввали моҳи октябр ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, дигар ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар истифодаи сиёсати дугуна айбдор дониста буданд.

Дар ҳамин ҳол, муҳлати ваколати Дафтарҳои САҲА дар Ӯзбекистону Қирғизистон низ то ҳол тамдид наёфтаанд. Охири моҳи сентябри соли гузашта Бишкек мақоми ҳузури САҲА дар Қирғизистонро тағйир дода, Маркази САҲА дар Бишкек ба Дафтари барномавии САҲА табдил ёфт.