Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот намуда, зимни вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмуъ минтақа аст.

«Мо имрӯз бисёр бо некӣ аз шодравон, шахсиятҳои бузурги таърихи Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ёд мекунем, - гуфт ӯ. - Ин ду шахсияти бузург дар солҳои барои Тоҷикистон хеле душвор кумаки худро дареғ надошта, дар сулҳи тоҷикон нақши калидӣ бозидаанд».

Гуфта мешавад, дар мулоқот ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, ки зиёда аз 80 санади дуҷониба мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зикр мегардад, ки зимни дидору гуфтушунид атрофи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ доир ба сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.