Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Тошканд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадӣ,  инчунин масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар навбати худ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Абдилдаев аз Аслов дархост намудааст, ки ба ҷониби Қирғизистон дар расонидани кумаки башардӯстона ба қирғизони этникии муқими Помири Хурд ва Бузурги Афғонистон мусоидат намояд.