Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ шаҳри Манчестер ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки хабари мудҳиши ба ҳалокат расидани даҳҳо ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон дар шаҳри Манчестер бар  асари таркиши даҳшатангез боиси андӯҳи амиқи тоҷикистониён гардид.

«Мавҷи бесобиқаи амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтааст, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд», - зикр мегардад дар барқияи президенти Тоҷикистон.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони фавтидагон ҳамдардиву тасаллият изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон шудааст.