Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, Президенти Афғонистон дар мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирок менамояд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин субҳи имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Соати 13-и имрӯз вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Қирғизистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати ҶТ воқеъ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдорони CASA-1000 баргузор мегардад.