Ҳайати олимақоми Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардп, дар Душанбе як қатор мулоқотҳоро бо масъулини давлатӣ доир намуда, инчунин бо намояндагони давлатҳои узви ИА ва шарикони рушди муқими Тоҷикистон вохӯрд.

Стефано Мансервиси, Директори Генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ, ва  Петер Буриан,  Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба шаҳри Душанбе омаданд то равобити ҷорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намоянд, аз ҷумла, бо раванди амалисозии Дурнамои нави рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 ошно гарданд.


Намояндагони ИА имкон доштанд, ки бо Президенти  Чумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид  ва намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрда, ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистону ИА мавриди муҳокимаи амиқ қарор диҳанд.


Иттиҳоди Аврупо дастгирии хешро ба Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот ва амалисозии Дурнамои рушди Тоҷикистон тавассути кӯмаки молиявию техникӣ таъкид намуд, ки асосан ба соҳаҳои  тандурустӣ, маориф ва рушди деҳоти Тоҷикистон равона шудааст.


Директори Генералии ҳамкорӣ ва рушд Стефано Мансервиси арз намуд, ки "Тоҷикистон соҳаҳои маорифу тандурустиро дар навбати аввал дастгирӣ карда, роҳи дурустро ба сӯи тараққиёт интихоб кардааст. Бо вуҷуди ин, рушд ҳамеша муассисаҳои қавӣ ва таъмини волоияти қонунро металабад, инчунин нақши муҳими ҷомеаи шаҳрвандиро дар соҳаҳои иҷтимоӣ дар рушди кишвар бояд дар ёд дошт".


Ин саҳар ҳайати ИА ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сафар кард. Он ҷо Иттиҳоди Аврупо дар мувофиқа бо Ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон лоиҳаи наверо оғоз намуд, ки сохтмони кӯпруки навро дар ноҳияи Фархор, таъмири роҳ ва мустаҳкамкунии соҳили дарёро дарбар мегирад, ки ин ба рушди бахши хусусии маҳаллӣ ва бозорҳо мусоидат карда, ба сулҳу субот, устуворӣ ва ривоҷи савдо дар ин минтақа саҳми арзанда хоҳад гузошт.


Лоиҳаи мазкур аз тарафи Бунёди Оғохон ва хазинаи ПАТРИП (Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон) амалисозӣ мегардад. Буҷаи лоиҳа 16 миллион евро буда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.