Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 30 август бо сафари давлатӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин - шаҳри Пекин ворид шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро тақрибан 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.