Дар шаҳри Турсунзода имрӯз бо иштироки муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) маросими ифтитоҳи дафтари кории ташкилоти маҳаллии ин ҳизб доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солеҳ дар ин робита хабар дод, ин дафтари кории маҳаллии ҳизб бо харҷи 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва ҳамчунин фаъолон ва тоҷирони маҳаллӣ сохта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳизби ҳоким дар 15 шаҳру навоҳии кишвар дафтарҳои кории худро дошта, дар дигар шаҳру ноҳияҳо барои пеш бурдани фаъолияти ташкилотҳои ҳизб дафтарҳои кориро ба иҷора мегирад.

Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ қаблан дар бинои маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ҷойгир шуда, дар робита ба оғози корҳои таҷдиду навсозии ин маҷмаа, айни замон дар бинои назди мавзеи кинотеатри «Ватан» фаъолият дорад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.