Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Амири Давлати Қатар ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ бинобар сабаби даргузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуд.

Гуфта мешавад, дар идомаи суҳбат сарони ду давлат доир ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкори судманд анҷом дода, суҳбат дар фазои самимият, дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.