Дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Шейла Карей ба имзо расониданд.