Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар марз бо ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон гузаргоҳи «Андархон» ба фаъолият оғоз намуд, менависад Подробно. уз.

Гузаргоҳи назорати сарҳадии «Андархон-Патар», ки қаблан баста шуда буд, рӯзи 10 феврал фаъолияти худро дубора барқарор кард. Ифтитоҳи он яке аз иқдомҳои амалисозии қарордодҳо миёни кишварҳои ҳамсоя дар сатҳи байниҳукуматӣ мебошад, хабар додааст барномаи «Ахборот 24».

Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон айни замон баррасии масъалаҳои марбут ба бекор кардани маҳдудиятҳо дар тиҷорату савдо, якхела кардани тарифҳои боркашонӣ, таъмиру барқарор кардани роҳҳои байнидавлатӣ ва бекор шудани реҷаи равуои бидуни раводид идома дорад.

Моҳи марти имсол сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар назар буда, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки зимни ин сафар бисёре аз масъалаҳои баҳснок миёни кишварҳо ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.

То ин замон миёни давлатҳо барои равуои шаҳрвандон ва қисман ҳаракати воситаҳои нақлиёт ду гузаргоҳи дорои мақоми байнулмилалӣ - «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода ва «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд амал мекарданд.

Ғайр аз ин, имрӯз барои ҳаракати қатора ду гузаргоҳи роҳи оҳан низ дар самти шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом фаъолият доранд.

Тасмим гирифта шудааст, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии назоратии 8 сол қабл басташудаи Панҷакент - Самарқанд низ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.